Ҷанҷол дар як рустои тоҷикнишини Қазоқистон

Қатли як ҷавон дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ сабаби тазоҳуроту бетартибӣ дар як рустои вилоят шуд. Раёсати минтақавии пулиси Қазоқистон гуфт, дар натиҷаи бетартибиҳои шоми 5-уми феврал дар рустои Интимоқ ин чандин мошинро оташ задаанд ва чанд хона ҳам осеб дидааст. Бетартибӣ баъди он сар задааст, ки мардуми рустои Интимоқ, рӯзи 4-уми феврал ҷасади кордхӯрдаи Бахтиҷон Ортиқов, як сокини русторо дар наздикии рустои Бустондиқ пайдо кардаанд. Навмиддин Норматов, сокини ҳамин русто, ки ба қатл муттаҳам мешавад, ғайб задааст. Як афсари пулиси минтақа рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “байни тоҷикону қазоқҳо нофаҳмӣ сар зада” ва сабаби бетартибӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, баъди сафарбар шудани маъмурони амниятӣ ва милиса, вазъ дар рустои Интимоқ ором шудааст.