Эштон Картер, ки аз сӯи раисиҷумҳури Барак Обама ба мақоми вазири дифоъ пешбарӣ шудааст, рӯзи 4 феврал ба суолҳои аъзои Кумитаи Сенат оид ба нерӯҳои мусаллаҳ посух хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки бештари суолҳо дар робита ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”, авзоъ дар Афғонистон, дахолати Русия ба умури Украина ва барномаи ҳастаии Эрон хоҳанд буд.
Дар посух ба номаҳои катбӣ аз ин кумита Эштон Картер гуфт, ки дар сурати бад шудани авзоъ дар Афғонистон, мавзӯи пас аз соли 2016 ҳам дар он кишвар боқӣ мондани низомиёни амрикоӣ баррасӣ хоҳад шуд. Баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ тақрибан 10 ҳазору 600 афсару сарбози амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ монда, нерӯҳои амниятӣ ва артиши кишварро тамрин хоҳанд дод.
Эштон Картер ҳамчунин хостори густариши ҳамкорӣ дар бахши зиддитеррор бо Покистон ва талошҳои муттаҳидсозии гурӯҳҳои суннии Ироқ дар мубориза бо “Давлати исломӣ” шуд. Ӯ гуфт, ки Амрико ҳамроҳ ба кишварҳои узви Эътилофи зидди “Давлати исломӣ” аз вуруди ин ситезаҷӯён ба қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Эштон Картер аз соли 2011 то 2013 муовини вазири умури дифои Амрико буд. Қарор аст, ки дар сурати пазируфта шудан ӯ дар мақоми раҳбари Пентагон Чак Ҳейгелро иваз кунад.