Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон ба матбуот гуфтааст, онҳо далелҳое дар даст доранд ва ин далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки фаъолияти тундравҳои Давлати номниҳоди Исломӣ, ки дар соли 2014 дар ин кишвар боздошт шуда буданд, бо гумоштани одамон ба гурӯҳҳои террористӣ маҳдуд намешавад, балки онҳо ба нақша гирифта будаанд, ки баҳорони соли 2015 дар қаламрави Узбакистон чанд амали террористӣ низ анҷом диҳанд.
Ба ин далел Узбакистон мехоҳад марзҳои худро таҳким бахшад. Бино ба хабари ин манбаъ, аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ва тандравҳои боздоштшудаи Давлати Исломӣ шаҳодат додаанд, ки боздоштшудагон дар солҳои 2013 ва 2014 дар Покистон машқ дидаанд ва ба Узбакистон омадаанд, то ҷавононро ба суфуфи тундравҳои Давлати Исломӣ ҷалб кунанд.
Корманди Хадамоти Амнияти Миллии Узбакистон таъкид кардааст, ки барои таҳкими марз бояд бо кишварҳои ҳамсоя Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкорӣ кард. Вале марзи Узбакистон бо Афғонистон ба андозаи кофӣ таҳким ёфтааст.