Баъди бенатиҷа анҷом ёфтани музокироти сулҳ, яке аз пешвоёни ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина гуфт, ки ният дорад, барои ҷанг бо нерӯҳои ҳукуматӣ 100 ҳазор нафарро ҷалб кунад. Александр Захарченко, раҳбари ба ном Ҷумҳурии Мардумии Донетск рӯзи 2-уми феврал гуфт, даъват ба сафи нерӯҳои ҷудоихоҳон то 10 рӯзи дигар шурӯъ мешавад. Порлумони Украина моҳи гузашта барномаи ҷалби 100 ҳазор сарбоз ба сафи нерӯҳои мусаллаҳро тасвиб кард. Тайи чанд ҳафтаи гузашта ҷанг дар шарқи Украина авҷ гирифтааст ва баъди онки музокироти сулҳ байни ду тараф рӯзи 31-уми январ ба ҷое нарасид, умедҳо аз фурӯ нишасти шиддати авзоъ камтар шудааст. Ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск амалиётро тавсиа дода ва шаҳри бузурги бандарии Мариуполро ишғол карданд ва ба нимҷазираи Қрим наздик шуданд. Русия ин нимҷазираро моҳи март аз Украина гирифт ва ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.