Коллеҷи тиббии Хуҷанд ба номи Исҳоқӣ шуд

Пас аз 19 соли ҳодисаи кушта шудани профессор Юсуф Исҳоқӣ, собиқ ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи ӯ гузошта шуд. Дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 2 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ба мақсади пос доштани хотираи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, собиқ ректори Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Юсуф Исҳоқӣ, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи ӯ гузошта шуд. Номгузорӣ шудани Коллеҷи тиббии Хуҷанд ба номи ин донишманди саршинос, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва қарори ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст. Профессор Юсуф Исҳоқӣ аз олимони шинохтаи соҳаи тиб буда, муаллифи зиёда аз 300 мақолаву дастурамал ва монография мебошад. Рисолаи номзадии профессор Исҳоқӣ ба кор бурдани заҳри мор дар амалҳои ҷарроҳӣ ба хотири кам кардани хунравӣ будааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, профессор Исҳоқӣ барои хизматҳои бузургаш дар соҳати тибби кишвар бо даҳҳо ордену медалҳо, унвони Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино низ гардидааст. Профессор Юсуф Исҳоқӣ дар таърихи 6 майи соли 1996 аз тарафи афроди мусаллаҳи ношинос ва дар авҷи нооромиҳои кишвар, дар пойтахти Тоҷикистон ҳамроҳи академик Минҳоҷ Ғуломов собиқ, ноиби ректори Донишгоҳи тиббӣ ба қатл расиданд.