Додситони гарнизони ҳарбии шаҳри Кӯлоб алайҳи 11 афсар парванда боз карда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Ба қавли масъулони ин ниҳод, баъзе аз онҳо алакай муҷозот шудаанд.
Икром Зоиров, додситони гарнизони ҳарбии Кӯлоб, рӯзи 2 феврал дар нишасти хабарияш гуфт, аз ҷумла капитани қисми ҳарбии 2931 барои интиқоли маводи мухаддир ба се соли зиндон маҳкум ва аз рутбаҳои низомӣ маҳрум шудааст. Вай афзуд, "инчунин, алайҳи прапоршик Искандар Аҳмадов барои қочоқи маводи мухаддир, нисбат ба Наим Қурбонов аз ҳамин қисми низомӣ барои аз худ кардани маблағҳои қисмҳои эҳтиётии мошниҳо, парванда боз шудааст."
Ба иттилои ҷаноби Зоиров, "прапоршики қисми низомии 10040 Маҳмаднабӣ Тағоев барои худсарона аз худ кардани замин ва подполковники қисми ҳарбии 13483 Ҷаҳонгир Одинаев ба гирифтани 400 сомонӣ ришва, айбдор мешаванд. Ҳамчунин алайҳи пропоршики амният Холмурод Шералиев ва корманди гузаргоҳи фурудгоҳи Кӯлоб Бахтиёр Набиев барои мусоидати як сокини минтақа бо номи Зарнигор Султонова, ки дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав бо маводи мухаддир боздошт шуд, парванда боз гардидааст. Майори қисми ҳарбии 13483 барои гум кардани туфангчаи навъи Макаров, гунаҳкор дониста мешавад."
Ин барои аввалин бор аст, ки додситонии гарнизони ҳарбии Кӯлоб дар як вақт алайҳи чунин шумораи калони афсарони нерӯҳои гуногуни қудратӣ, парванда боз намудааст.