Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои боздошти як сокини вулусволии Имом Соҳиб аз ҳамтоёни афғони худ кумак хостаанд. Мақомот мегӯянд, ин сокини Имом Соҳиб барои мусоидат ба интиқоли 27 кило маводи мухаддир - 9 кило ҳероин ва 18 кило ҳашиш - ба Тоҷикистон айбдор мешавад.
Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфт, боздошти ин сокини Имом Соҳиб бо дархости онҳо ва тавассути Вазорати умури дохилӣ сурат мегирад. Ӯ афзуд, пойи ин шаҳрванди Афғонистон дар қазияе банд аст, ки ҳамагӣ рӯзи 31 январ дар Душанбе рух додааст.
“Кормандони Оҷонсӣ рӯзи шанбе дар кӯчаи ба номи “Қаҳҳоров” автомашинаи “Опел-Вектра” таҳти идораи сокини шаҳри Кӯлобро боздошт карданд, ки ду халта биринҷ дошт. Ҳангоми кофтукоб аз дохили онҳо 9 кило ҳероин ва 18 кило “ҳашиш” дарёфт шуд”,-мегӯяд Раҳматуллоев.
Вай илова кард, “ҳангоми гузарондани амалҳои тафтишотӣ муайян гардид, ронандаи автомашина - сокини ноҳияи Панҷ аз сокини вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундузи Афғонистон маводи мухадирро харидорӣ намуда, қасд доштаааст, онро ба вилояти Суғд, баъдан ба Русия интиқол диҳад”. Дар дохили худрав як сокини шаҳри Кӯлоб низ будааст, ки ҳоло якҷоя бо ронандаи “Опел Вектра” дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштаанд.
Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мегӯяд, алайҳи ин ду сокини Хатлон бар асоси моддаи 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ боз карда, инчунин, як мошини боркаши “Дулан” ва “Опел-Вектра”-ро, ки ба сокини ноҳияи Панҷ тааллуқ доштааст, ба ҳабс гирифтаанд.