Дар Ҳонгконг рӯзи якшанбе эътирозҳои ҷонибдорони ҳаракати демократӣ аз сар гирифта шуданд. Моҳи декабри соли гузашта мақомоти Ҳонгконг қароргоҳи эътирозгаронро дар маркази шаҳр хароб карда буданд. Ба иттилои хабаргузориҳо, дар ҳамоиши рӯзи 1 феврал тақрибан 3 ҳазор нафар ширкат доштанд ва барои таъмини амният дар шаҳр 2 ҳазор аз кормандони полис сафарбар шуданд.
Эътирозгарон болои сар чун нишони эътироз чатрҳои зард гирифта буданд ва навиштаҳое аз қабили “Мо ироаи ҳуқуқи воқеии овоздиҳиро талаб дорем!” дар даст доштанд.
Намоишҳои эътирозӣ бо талаби баргузории интихоботи мустақими раҳбари маъмурияти Ҳонгконг моҳи сентябри соли гузашта шурӯъ шуданд. Интихоботи раҳбари Ҳонгконг бояд соли 2017 доир шавад. Намоишҳо чандин бор ба задухӯрд бо полис печиданд. Охирҳои моҳи ноябр ва аввалҳои моҳи декабр полис амалиёти барчидани хаймаҳои эътирозгаронро доир намуд.
Мақомоти Чин ваъда доданд, ки сокинони Ҳонгконг аз ҳаққи овоздиҳӣ бархӯрдор мешаванд, аммо ба шарте, ки номзадҳо ба мақоми раҳбари ин вилоятро Пекин пешниҳод кунад. Раҳбари Ҳонгконг, таври маъмул, аз сӯи Коллегияи интихобкунандагон, як ниҳоди таҳти назорати Пекин, интихоб мешавад.