Задухӯрд дар эътирози зидди бал дар Вена

Дар шаҳри Вена шоми ҷумъа эътироз алайҳи баргузории бал ё маҷлиси рақс аз сӯи ҳизби Озодии Австрия дар кохи Ҳофбург ба задухӯр бо полис печид, ки бар асари он дасти кам ду нафар, аз ҷумла, як корманди полис маҷрӯҳ шуданд. Полис 38 нафар аз эътирозгаронро боздошт кард.

Ба иттилои расмӣ, дар намоиши эътирозӣ тақрибан 5 ҳазор нафар ширкат доштанд. Онҳо ҳизби Озодиро дар тарғиби нажодпарастӣ айбдор мекарданд ва мегуфтанд, ки ба бал нажодпарастону ифротгароҳои ҳам маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ даъват шудаанд. Аммо созмондиҳандагони маҷлиси рақс ин иддаоро рад карданд.

Кохи Ҳофман – қароргоҳи зимистонаи хонаводаи Габсбургҳо буд. Таври маъмул, дар ин фасли сол аксари ҳизбҳои сиёсии Австрия балҳои худро доир мекунад.