Меркел: Юнон бояд дар минтақаи евро монад

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз Юнон даъват кард, ки дар минтақаи евро боқӣ монад ва ислоҳоти иқтисодиро идома диҳад. Ӯ дар сӯҳбат бо рӯзномаи Нamburger Abendblatt рӯзи шанбе изҳор намуд, ки “Аврупо дар оянда низ ҳамраъйии худ ба Юнон ва дигар кишварҳо аз бӯҳрон осебдидаро намоиш хоҳад дод, аммо ба шарте, ки онҳо аз ислоҳот ва чораҳои шадиди сарфа кор бигиранд”.

Аз ин пеш вазири молияи Юнон Янис Варуфакис изҳор намуд, ки кишвараш шартҳои пардохти қарзи берунаи худро бо сармоягузорон аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии асъор баррасӣ нахоҳад кард. Ӯ афзуд, ки Афина мехоҳад бо раҳбарони кишварҳои минтақаи евро музокироти мустақим анҷом диҳад ва ба лағви бахши аъзами қарзҳои Юнон муваффақ шавад.

Дар посух вазири молияи Олмон Волфганг Шойбле аз Юнон талаб намуд, ки ӯҳдадориҳои қаблан гирифтаи худро бечуну чаро иҷро кунад.

Айни ҳол Юнон тақрибан 300 миллиард евро қарздор аст.

Алексис Сипрас, нахуствазири нави Юнон, баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи парлумонӣ гуфт, ки Афина аз мухолифат бо Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии асъор парҳез мекунад ва аммо аз ин баъд ба онҳо итоат ҳам нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои маҷаллаи олмонии Der Spiegel, ҳукумати Олмон омода аст, ки ба Афина, ба ивази идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, бастаи нави кӯмаки молиявӣ дар ҳаҷми 20 миллиард евро пешниҳод кунад.