Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар доираи барномаи таблиғи пешазинтихоботӣ, аз тариқи телевизиони давлати ташвиқоти худро оғоз карданд. Шоми дирӯз раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон суханронӣ кард ва барномаи ҳизбашро шарҳ дод. Қарор аст шомгоҳи имрӯз раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов барномаи пешазинтихоботии ҳизбашро муаррифӣ кунад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои аҳзоби сиёсӣ 40 дақиқа ва барои номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ 20 дақиқа ҷудо намудааст, то аз тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро шарҳ диҳанд. То интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳудуди як моҳи дигар мондааст ва раванди пешбарии номзадҳо поён ёфта ва ҳоло маъракаи таблиғотӣ оғоз шудааст.