Амрико ба Украина қавл додааст, ки 2 миллиард доллар қарз замонат хоҳад дод, то ин кишвар барои ҳамин сол ниёзмандиҳои молии худро барои барномаҳои иҷтимоии худ бароварда созад. Аз сӯи дигар, Амрико изҳори омодагӣ кардааст, ки таҳримҳои худро бар зидди Русия шадидтар хоҳад кард.
Қарордод дар бораи гузоштани ин миқдор қарз дар ихтиёри Украина 28 январ дар шаҳри Киев ба имзо расид. Дар он Ҷак Лию-вазири молии Амрико ва Наталия Ярешко-вазири молии Украина имзо гузоштанд.
Лию изҳор дошт, ки ин қарз барои соли молии кунунӣ ва барои анҷоми барномаҳои ислоҳоти зидди ришвахорӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои қарзи Сандуқи Байналмиллалии Пул ба Украина дода мешавад.
Ҳоло намояндагони Сандуқи Байналмиллалии Пул дар Киев қарор доранд ва онҳо барномаи наҷоти молиеро ба арзиши 17 миллиард доллар баррасӣ мекунанд.