Порошенко аз Путин раҳоии Савченкоро хост

Хонум Савченко дар боздошт

Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина аз Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия даъват кард, ки Надя Савченко халабони зиндонии Украинаро раҳо кунад. Порошенко 27 январ ба матбуоти Полша гуфт, ки дар ин бора ба Путин номаи дархост фиристодааст.

Савченкоро моҳи июни соли гузашта ҷудоихоҳон дар шарқи Украина боздошт карданд ва ба Русия интиқол доданд. Хонум Савченко мунтазири мурофиаи додгоҳист. Вайро барои куштори ду рӯзноманигори Русия дар ҷангҳои шарқи Украина гунаҳгор медонанд, вале вай ин иттиҳомро қабул надорад.

Ба нишонаи эътироз бар зидди боздошташ Надя Савченко гуруснанишинӣ эълон кардааст ва моҳи дуввуми он идома дорад. Баъд аз зиндонӣ шудан дар Русия Савченкоро моҳи октябр дар Украина намояндаи порламон интихоб карданд.

Маҷмаи порламонии Шӯрои Аврупо 26 январ аз Русия хост, ки вайро раҳо кунад.