Абе навори видеоиро "нафратангез" хонд

Акси Кенҷӣ Гото дар навори видеоӣ

Шинзо Абе-нахуствазири Ҷопон навори нави видеоиеро, ки дар бораи Кенҷӣ Гото-рӯзноманигори гаравгони ҷопонӣ нашр шудааст, “нафтартангез” хонд. Кенҷиро тундравҳои Давлати номниҳоди Исломӣ дар гаравгонӣ нигоҳ медоранд.

28 январ Абе гуфт, ки аз ин навори видеоӣ сахт ба хашм омадааст ва бори дигар аз Урдун хост, ки барои раҳоии ҳар чӣ зудтари рӯзноманигор ҳамкорӣ кунад.

Садое, ки дар ин навор шунида мешавад, мегӯяд Гото дар давоми 24 соати оянда кушта хоҳад шуд, агар Урдун Соҷида Ришовро раҳо накунад. Ин зани ироқӣ дар Урдун бароиширкат дар ҳамлаи террористӣ ба қатл маҳкум шудааст. Ин ҳамла соли 2005 анҷом гирифта буд ва дар он 60 нафар кушта шуданд.

Садо дар ин навор ҳамчунин мегӯяд, ки халабони урдунӣ Муаз Касасбеҳбарои зистан вақти камтар дорад. 25 январ тундравони Давлати Исломӣ гуфтанд, ки як марди дигари ҷопониро бо номи Ҳаруна Якава баъд аз тақозои 200 миллион доллар барои хариди ҷонаш ба қатл расондаанд.