Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи 27 январ шартномаи миёни Душанбеву Пекин дар масъалаи истирдоди афроди ҷиноятпешаро ба тасвиб расонданд.
Тарҳи ин шартномаро Абдураҳмон Аламшозода -- муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар парлумон муаррифӣ кард ва гуфт, “ҳоло як чунин зарурат ба миён омадааст”.
Ӯ равуои зиёди сокинони Тоҷикистону Чин ба кишварҳои якдигарро яке аз далелҳои қабули шартнома донист.