Олимҷонов Ҳасанов, як сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин сокини 44-сола рӯзи 27 январи соли ҷорӣ дар пайи “муноқишаи оилавӣ” ба бадани ҳамсараш - Дилрабо Қобилова ҳафт бор корд задааст.
“Дар натиҷа Дилрабо Қобилова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шудааст”,-омадааст дар иттилоияи ВКД. Қобилова 36 сол дошта, ба ҳайси пешхидмати ошхонаи “Отамурод”-и ноҳияи Зафаробод фаъолият доштааст.
Мақомот мегӯянд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.