Ҳунарпешаи маъруфи рус Вадим Дорофеев дар Сурия ҳангоми набардҳо аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” кушта шудааст. Дар ин бора рӯзи сешанбе шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои русӣ хабар доданд.Бар пояи хабарҳо, Дорофеев, ки ҳадс зада мешавад як сол пеш исломро пазируфтааст, зану ду фарзандашро гузошта бидуни огаҳӣ ба Сурия рафта ба ситезаҷӯён ҳамроҳ шудааст.
Вадим Дорофеев дар чанд филми сериёли русӣ, аз ҷумла, дар филми “Духтари якудза”, мазҳака дар бораи дар Русия гум шудани духтари даҳсолаи якудзаи ҷопонӣ, яке аз нақшҳои асосиро офарида буд. Қабл аз сафар ба Сурия ҳунарманди рус дар навори сериёли телевизионии "Балабол" ширкат дошт ва ин охирин нақши ӯ дар синамо буд. .
Дар бораи он ки Дорофеев чӣ гуна ва бо кадом далел исломро пазируфтааст, қаблан иттилое набуд, аммо бархе аз ошноҳояш ахиран гуфтанд, ки ӯ чанд моҳ пеш аз сафар ба Сурия ҳамроҳ бо дӯсташ, дигар ҳунарманди синамо Леонид Тележинский ба дини муҳаммадӣ пайвастааст.
Ду рӯз пеш сомонаи рӯзномаи “Комсомолская правда” навишт, ки Елена, зани 24-солаи Вадим Дорофеев, дар бораи ба таври ногаҳонӣ ғайб задани шавҳараш ва дар Сурия пайдо шудани ӯ хабар дод. Ба гуфтаи Елена, ҳанӯз 20 декабри соли гузашта ӯро аз ҳалокати шавҳараш огаҳ карда буданд.