Раиси Кумита дар бораи тақдири “Гулистон”-и Зайд

Яке аз таблиғоти пешинаи корхонаи "Гулистон"

Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, дар нишасти хабарии 27 январаш ба тақдири корхонаи “Гулистон”, ки қаблан саҳмияҳояш ба Хайрулло Саидов -- писари Зайд Саидов ва Дмитрий Фирташ -- миллиардери украинӣ тааллуқ дошту баъдан ба фоидаи давлат мусодира шуд, низ дахл кард. Ӯ гуфт, самти фаъолияти ин корхона тағйир накарда, балки дар ҷои он ҷамъияти саҳомии давлатӣ ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи Қодири Қосим, ҳоло ин корхона фаъол аст. Дар ҳоле ки хабарнигори Озодӣ аз ин корхона боздид кард ва мегӯяд, дари он баставу касе машғули кор нест.

Ин корхона қаблан ба истеҳсоли шиму либосҳои “ҷинс” (jeans) машғул буд ва маҳсулоташро ба кишварҳои Аврупо содир мекард.