Бемории номаълум 12 касро аз пой афтонд

Дар мактаби деҳаи Берёзовкаи вилояти Қазоқистони ҷанубӣ 21 январ дар давоми дарс 12 шогирди мактаб дар як вақт ва якбора беҳол шуда афтоданд ва ё беҳуш шуданд. Онҳо шахсоне буданд, ки 28 ноябри соли гузашта аз гази номаълум заҳролуд шуда буданд.

Сокинони деҳаи Берёзовка аз мақомоти маҳаллӣ талаб доранд, ки деҳаи онҳоро ба ҷои дигар кӯч диҳанд. Ин деҳа дар наздикии бузургтарин чоҳи истихроҷи газ дар ҷаҳон, чоҳи Карачаганск ҷойгир аст. Вале мақомоти маҳаллӣ то ҳол ин дархости сокинони маҳаллиро нодида мегиранд ва гуфтаанд, ки сокинонро ба ҷое кӯч нахоҳанд дод.

Ба гуфтаи шоҳидон, кӯдакон якбора аз ҳуш мераванд ва баъд аз як ё ду шабонарӯз ба ҳуш меоянд. Гоҳо дар ҳолати беҳушӣ нола мекунанд ва худро ба ҳар сӯ мезананд.