Дар таркиши Донетск ҳадди ақал 5 нафар кушта шуд

Ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ва матбуоти Русия гузориш додаанд, ки дар таркише дар истгоҳи нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Донетск воқеъ дар шарқи Украина дастикам 5 нафар кушта шудаанд.

Хабаргузории Интерфакси Русия аз қавли Эдуард Басурин-як мақоми расмии Ҷумҳурии худхондаи мардумии Донетск навиштааст, ки гӯё дар гузоришҳои муқаддамотӣ шумораи кушташудагон 9 нафар нишон дода шудааст.

Вале як мақоми дигари ин ҷумҳурии худхонда шумораикушташудагонро 5 нафар мегӯяд. Шабакаи Rossia 24-и телевизиони давлатии Русия хабар додааст, ки 13 нафар ба ҳалокат расидаанд ва шумораи зиёди мардум маҷруҳ шудаанд. Сабаби ин таркиш номаълум боқӣ мондааст, вале дар баъзе гузоришҳо гуфта мешавад, ки гӯё як пораи оҳан ба троллейбус ё автобус бархӯрдааст.

Аз моҳи апрел ба ин сӯ, яъне аз замони оғози муноқишаҳо миёни ҷудоихоҳон ва ҳукумати Украина 4 800 нафар дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.