Лаҳзаи сукути вакилон ба хотири Сӯҳроб Шарифов

Вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ҷаласаи рӯзи чоршанбеи худро бо лаҳзаи сукут ба хотири ҳамкори марҳумашон - Сӯҳроб Шарифов оғоз карданд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, даргузашти оқои Шарифовро талафоти бисёр гарон барои парлумону кишвар донист. Ӯ гуфт, хотираи неки Сӯҳроб Шарифов дар ёди ҳамаи вакилон ва, ҳамин тавр, онҳое, ки ӯро мешинохтанд, абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Шукурҷон Зуҳуров афзуд, зиндагии инсонҳо абадӣ нест ва аз ин рӯ даъват кард, “то ба қадри якдигар бирасем”. Ӯ дар идома гуфт, то ҳоло аз номи созмонҳову сафоратхонаҳо дар Тоҷикистон таъзияномаҳо дастрас мекунанд.

Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ дар синни 52-солагӣ дар бахши амрози қалби бемористони Қарияи Болои Душанбе даргузашт.

Номзади илми фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ, Сӯҳроб Шарифов аз соли 2011 инҷониб вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот буд. Дар интихоботи ояндаи порлумонӣ Шарифов боз ҳам аз ҳавзаи интихоботии шумораи 3-и Шоҳмансур номзад пешбарӣ шуда буд.