Дар Донбасс бар асари даргириҳо бо низомиёни украинӣ дар як ҳафтаи ахир тақрибан 300 тан аз ҷудоихоҳони рустабор кушта шуданд. Дар ин бора мушовири вазири умури дохилии украина Антон Герашенко рӯзи сешанбе, 20 январ, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бештари низомиёни нерӯҳои “Ҷумҳурии мардумии Донетск” аз оташи тӯпхона дар фурудгоҳи Донетск, шаҳрҳои Горловка, Комсомолский ва Волноваха ба ҳалокат расидаанд.
Елена Василева, ҳомии ҳуқуқи башари рус, ки ба пажҳуиши талафоти низомиёни рус дар шарқи Украина машғул аст, рӯзи сешанбе дар бораи рӯзҳои ахир дар Донбасс кушта шудани 382 афсару сарбози рус ва маҷрӯҳ шудани тақрибан 500 нафари дигари онҳо иттилоъ нашр кард.
Даргириҳо барои фурудгоҳи Донетск рӯзи сешанбе идома карданд. Сокинони Донетск хабар медиҳанд, ки дар шаҳр садои тирандозӣ ва таркишҳо ба гӯш мерасад.
Аз ин пеш раҳбари ҷумҳурии хондаи Донетск Александр Захарченко изҳор намуд, ки ҷудоихоҳон фурудгоҳи Донетскро таҳти назорати комил қарор доданд. Низомиёни украинӣ ин иттилоъро рад карданд.