Ҳушдори ВКД аз "қаллобон" аз Молдова

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз афзоиши рӯзафзуни қаллобӣ дар ҷумҳурӣ изҳори ташвиш карда, бо пахши баёнияе сокинонро аз “фиребкорӣ”-и шаҳрвандони Молдова низ ҳушдор додааст. Ин ниҳод аз сокинон хостааст, ҳангоми додугирифт бо шаҳрвандони Молдова, ки бештар бо баҳонаи тиҷорат вориди кишвар мешаванд, боэҳтиёт бошанд.

Як масъули дафтари матбуоти ВУД дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дақиқ нест чӣ теъдод аз шаҳрвандони Молдова дар дохили Тоҷикистон машғули тиҷоратанд, вале афзуд, шикояти сокинон баёнгари он аст, ки аксари онҳо дар тиҷорат аз фиреб кор мегиранд. “Ҳадаф аз ин ҳушдор бохабар кардани сокинони кишвар аз амали ҷаллобон, хусусан шаҳрвандони Молдова, мебошад”,-афзуд мусоҳиби мо.

Дар изҳороти Вазорати умури дохилӣ гуфта шудааст, шаҳрвандони Молдова дар Тоҷикистон бештар ба тиҷорати атр ва дигар ороишоти занона машғуланд: “Шаҳрвандони Молдова, ки барои тиҷорат ва харидуфурӯши молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили таҷҳизоти техникӣ, чойники обҷӯшонӣ (тефал), тафдон, мӯйхушкунак, мошинаҳои дарздӯзӣ, либосшӯӣ ва дигар лавозимоти рӯзгор ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, асосан дар деҳот ва ноҳияҳо даст ба қаллобӣ мезананад. Онҳо ба воситаи тӯҳфахарӣ - мукофот (приз) мардумро ҷалб намуда, аз маблағҳое, ки ба воситаи қаллобӣ ба даст меоранд, дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ ва автомашинаи шахсӣ гардидаанд”,-таъкид шудааст дар изҳорот.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта 2 ҳазору 458 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2013 як баробар бештар мебошад. Дар соли 2013 ин рақам ба 1 ҳазору 294 ҳолат баробар будааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, қаллобон аз зудбоварию маърифати ҳуқуқӣ надоштани баъзе аз шаҳрвандон, бахусус дар манотиқи дурдаст, истифода бурда, бо роҳи фиреб ба боварии онҳо медароянду молу маблағи онҳоро аз они худ менамоянд. Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияи худ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, “зиракию ҳушёриро аз даст надода, молу маҳсулоти ниёзи худро аз мағозаҳо, марказҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ, ки нархи онҳо дар қиёс ба молҳои пешниҳоднамудаи қаллобон як баробар арзонтар аст, дастрас намоед”.

Ҳоло дар Тоҷикистон афроди алоҳидае ҳастанд, ки бо маҳсулоти худ ба дари сокинон рафта, молашонро таблиғ мекунанд. Онҳо мегӯянд, сокинон дар ивази харидориии таҷҳизот соҳиби туҳфа хоҳанд шуд. Аммо ҳолатҳое ҳам будааст, ки баъзе аз ин таҷҳизот зуд хароб шудаву сокинон дар ҳалли мушкилашон дасткӯтоҳ мондаанд.