Даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Грозний-маркази Чеченистон бар зидди чопи аксҳои танзомези Муҳаммад-паёмбари ислом ба тазоҳуроти эътирозӣ баромаданд. Рамазон Қодиров-раҳбари Чеченистон, ки аз сӯи Кохи Кремли Маскав ҳимоят мешавад ва ба кишварҳои ғарбӣ ҳамлаи лафзӣ карда буд, бузургтарин тазоҳуроти солҳои ахир дар Русияро созмон додааст.
Вай мегӯяд, ҳукуматҳои ғарбӣ барои бозиҳои сиёсии худ ғазаби мусулмононро бармеангезанд: “Ин тазоҳурот бар зидди ононест, ки бар эътиқодоти мардуми мусулмон дар саросари ҷаҳон тавҳин мекунанд. Ин тазоҳурот бар зидди ононест, ки огоҳона нафрати мусулмононро дар саросари ҷаҳон бармеангезанд”.
Ин тазоҳуроти бузург дар назди Масҷиди Ҷомеи шаҳри Грозний баргузор шуд ва он ҷавоб ба ҳамлаи 7 январи Фаронса ба дафтари ҳафтаномаи Шарлӣ Эбдо арзёбӣ мешавад.