Кабирӣ барои раҳпаймоӣ ба Чеченистон меравад

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ – вакили Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар роҳпаймоӣ алайҳи терроризму ифротгароӣ, ки рӯзи 19 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Грозний баргузор хоҳад шуд, ба Чеченистон меравад. Ҳадафи ин раҳпаймоӣ дифоъ аз паёмбари ислом - Муҳаммад (с) гуфта мешавад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, бо тасдиқи ин хабар гуфт, сафари оқои Кабирӣ ба Чеченистон бо даъвати расмии мақомти он кишвар сурат мепазирад. Ӯ афзуд, “дар ин райҳпаймоӣ шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳони Ислом низ ширкат хоҳанд кард.”

Ин тасмими раҳпаймоӣ баъд аз он гирифта шудааст, ки маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо”-и Фаронса пас аз як ҳамла ба дафтараш дубора тасвири танзомези Муҳаммад (с)-ро чоп кард. Дар ин тасвир паёмбари мусалмонон бо дидаи ашкбор дар даст шиори “Ман Шарлӣ ҳастам”-ро дорад.