Попи Рум Франсиск бар асари тундбод рӯзи 17 январ шаҳри Таклобани ҷазираи Лейтеи Филиппинро қабл аз вақт тарк намуд.. Ба навиштаи хабаргузориҳо, раҳбари калисои католики ҷаҳон бо машварати сарнишинҳои ҳавопаймо, ки аз тундбод дар баҳр нигарон шуданд, чаҳор соат пеш аз мӯҳлати муқарраршуда аз Таклобан ба пойтахт - Манила парвоз кард.
Поп Франсиск дар Таклобан зери борони шадид ва шамоли сахт ниёиш баргузор намуд, ки дар он даҳҳо ҳазор аз сокинони шаҳр ширкат доштанд. Баъд аз он Попи Рум бо осебдидагон ва пайвандони тӯфон мулоқот кард. Бар асари он офати табиӣ дар ҷазираи Лейте, ки тирамоҳи соли 2013 рӯй дода буд, 7300 нафар кушта ваё беному нишон шуданд.
Аз ин пеш раисиҷумҳури Филиппин Бенино Акинои III ба Поп Фраксиск муҷассамаи Мадонна ё Модархудоро тақдим кард, ки онро аз як дарахти бар асари тӯфон решаканшуда сохтаанд.
Қарор аст, ки Попи Рум рӯзи 18 январ дар Манила ниёиш баргузор кунад ва бар пояи бархе хабарҳо, дар он 6 миллион нафар ширкат хоҳанд кард.