Вазири корҳои хориҷии Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф мегӯяд, рӯзи 16-уми январ бо ҳамтои амрикоии худ , Ҷон Керрӣ,барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ хоҳад кард. Пеш аз парвоз ба Женева Зариф ба хабарнигорон гуфт, бо Керрӣ дар Порис як мулоқоти кӯтоҳ хоҳад дошт. Вай ҳамчунин бо ҳамтои фаронсавии худ Лорен Фабиус равобити дуҷониба ва ҳамчунин тундгароӣ ва исломситезиро баҳс хоҳад кард. 18 январ даври нави гуфтушуниди ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ – панҷ узви Шӯрои амнияти Созмони Милал – Иёлоти Муттаҳида, Фаронса, Русия, Чин, Бритониё бо иловаи Олмон баргузор хоҳад шуд. Тарафҳо қарор кардаанд, ки то 1 июл ин баҳсро ба поён баранд. Дар ивази исботи ғайритаслиҳотӣ будани барномаи ҳастаияш Эрон аз зери бори таҳримҳои байнулмилалӣ берун хоҳад омад.