Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки таҳти унвони "Рисолати Муҳаммад ва ҷаҳони имрӯз" ҳамоиши илмӣ баргузор мекунад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин ҳамоиш фардо, 17 январ дар толори бузурги қароргоҳи марказии ин ҳизб дар Душанбе доир мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳон, дар ин ҳамоиш донишмандон паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти паёмбари ислом Муҳаммад(с)-ро баҳсу баррасӣ хоҳанд кард. Дар назар аст Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар мавзӯи "Шинохти воқеиии паёмбари ислом(с)-- ҳалли мушкилоти ҷаҳони ислом" cӯҳбат намояд. Ин ҳамоиши илмӣ дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳамла ба маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо”, ки боиси марги 12 нафар шуд, сарусадоҳоеро дар дунё ба вуҷуд овард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ин ҳамларо маҳкум намуд, вале ҳамзамон гуфт, ки қаблан нашри тасовири танзомези паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) аз сӯи ин маҷаллаи фаронсавиро, низ маҳкум карда буд.