Маъмурони гумруки Тоҷикистон як сокини 60-солаи кишварро дар гузаргоҳи “Панҷи Поён” ба иттиҳоми ворид кардани китобҳои шубҳаовар, бахусус “ҷоду”, аз Афғонистон боздошт кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳоло бар асоси моддаи 579-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ алайҳи Бибихалифа Қаршибоева -- сокини деҳаи Шакардашти ҷамоати “Нури Ваҳдат”-и ноҳияи Панҷ парванда боз шуда, баррасии қазияро додгоҳи ноҳияи Қумсангир ба уҳда дорад.
Ба иттилои мақомот, гӯиё ин зан мехостааст охирҳои моҳи декабри соли гузашта се китоби “ҷоду” ва “Нақши Сулаймон”-у “Куллиёти Канзулҳусайн”-ро аз Афғонистон ба кишвар ворид намояд.
Икром Собиров, сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронунии гумрукӣ дар Хатлон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “вақте китобҳоро аз Бибихалифа Қаршибоева гирифтем, ӯ гуфт, аз ноогоҳӣ ин китобҳоро бо худ гирифтааст”. Ҷаноби Собиров афзуд, ин номгӯи китобҳо аз тарафи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои миллӣ ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шуда, овардан ва паҳн карданашон дар қаламрави кишвар мамнуъст. “Ҳар нафаре, ки бо худ ин китобҳоро ворид месозад, муҷозот хоҳад шуд”,-таъкид дошт ӯ.