Се миллион нусхаи маҷаллаи “Шарлӣ Эдбо” рӯзи 14 январ, як ҳафта баъд аз ҳамлаи ифротгароҳо ба идораи ин маҷалла, вориди дукону мағозаҳо шуд. Дар муқова тасвири танзомези Паёмбари ислом Муҳаммад (с) бо чашми гирён ва бо лавҳаи “Ман Шарлӣ!” чоп шудааст. Дар болотари тасвир навишта шудааст “Ҳама чиз бахшида шуд”. Зайнаб ал-Ризоӣ, корманди “Шарлӣ Эбдо” мегӯяд, ин суханон ба он маъност, ки хабарнигорон ифротгароҳоро барои ҳамлаашон бахшидаанд. Шумораи махсуси маҷалла бо шаш забон, аз ҷумла, арабӣ нашр мешавад ва дар 25 кишвар фурӯхта мешавад.
Зимнан, 3 миллион – бузургтарин тираж дар таърихи маҷалла аст, маъмулан “Шарлӣ Эбдо” бо теъдоди 60 ҳазор нусха нашр мешуд ва моҳҳои ахир дар вазъи хароби молиявӣ қарор дошт. Ба навиштаи хабаргузориҳо, як бахши маблағи аз фурӯш бадастомада барои беҳбуди вазъи молиявӣ сарф хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, бар асари ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарлӣ Эбдо" рӯзи 7 январ 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд. Миёни онҳо - сардабири маҷалла Стефан Шарбонье маъруф ба “Шарб” ва рассомон Жан Кабу, Жорж Волински ва Бернар Верлакё "Тину" ҳам буданд.
Гумонбарони ин ҳамла бародарон Саид ва Шариф Куашӣ рӯзи ҷумъа дар амалиёти вижаи полис дар шаҳри Даммартэн-ан-Гуэл кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки бародарон ба ин амал дар вокуниш ба нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар ин маҷалла даст задаанд.