Таркиши автобус дар шарқи Украина 11 касро кушт

Дар шаҳри Волноваха, воқеъ дар шарқи Украина, бар асари таркиш дар автобуси мусофирбар рӯзи 13 январ 11 нафар кушта ва 13 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Раиси милисаи вилояти Донетск Вячеслав Аброскин ба хабаргузориоҳи украинӣ гуфт, ҷудоихоҳони рустабор як постгоҳи полиси Украинаро ҳадаф гирифтанд, аммо мушакашон ба автобуси мусофирбар расид.

Аз ин пештар ҷудоихоҳон аз танкҳо ва таҷҳизоти “Град” мавқеи низомиёни украинӣ дар фурудгоҳи Донетскро оташборон карданд. Дар натиҷа манораи диспетчерии фурудгоҳ хароб шуд, дар бораи талафоти ҷонибҳои даргир иттилое нарасидааст.

Ҷудоихоҳони рустабор, дар навбати худ, хабар доданд, ки тайи як шабонарӯз нерӯҳои украинӣ беш аз 60 бор режими оташбасро халалдор карданд.