Даъвати Керрӣ ба тақвияти набард бо тундравҳо

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, аз Покистон хост, мубориза бо гурӯҳҳои тундравро, ки амнияти кишварҳои Осиёи ҷанубӣ ва Амрикоро зери хатар мегузоранд, тақвият диҳад. Изҳороти ӯ дар нишасти хабарии муштарак бо мушовири масоили амнияти миллии Покистон Сартоҷ Азиз рӯзи 13 январ дар Исломобод нашр шуд.

Ҷон Керрӣ аз амалиёти низомии артиши Покистон алайҳи гурӯҳҳои тундрав дар Вазиристони Шимолӣ ситоиш кард, аммо гуфт, ки муборизаи шадид ва тулонӣ дар пеш аст. Ба гуфтаи ӯ, “гурӯҳҳои терористие чун Толибони Афғонистону Покистон, шабакаи Ҳаққонӣ, "Лашкари Таиба" таҳдид барои Покистону ҳамсояҳояш ва ИМА боқӣ мемонанд".

Ҷон Керрӣ ҳамчунин гуфт, аз маблағи қаблан барои Покистон ҷудошуда 250 миллион доллараш барои кӯмаки оҷил ба садҳо ҳазор нафаре равона хоҳад шуд, ки бар асари ҷангҳо манотиқи қабиланишин, аз ҷумла, Вазиристони Шимолиро тарк намуданд.