Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар Душанбе 1 ҳазору 400 бех шоҳбулуте, ки аз Белгия оварда шуда буд, хушк гардид. Толибҷон Раҳимов, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, ки дар нишасти хабарии 13 январ суҳбат мекард, дар хушкшавии шоҳбулутҳо Тошкандро муқассир донист ва гуфт, ҳангоми интиқоли шоҳбулутҳо аз Белгия ба Тоҷикистон, Узбакистон ба таъхиркорӣ роҳ дода, дар натиҷа решаҳои шоҳбулут хушкидаанд.
Оқои Раҳимов дар идома афзуд, вале хушкшавии шоҳбулутҳо, ки дар маҷмуъ ба қимати 22 миллион сомонӣ харидорӣ шудаанд, ба зиёни кишвар набуда, балки ин ҳамаро ширкати белгиягӣ пардохтааст. “Мо дар давоми як сол кафолат доштем ва онҳо муваззаф буданд, камбудҳоро рафъ кунанд. То кунун 600 бехи дигар ба ҷои шоҳбулутҳои хушкида дубора ба кишвар оварда шудаанд”,-таъкид дошт ӯ.