Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Кӯлоб беш аз 1 000 “маъюби тақаллубӣ”-ро аз феҳристи маълулон хориҷ кардааст. Хабарнигори “Озодӣ” дар минтақа мегӯяд, Миралӣ Мирзоалиев - сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Кӯлоб рӯзи 13 январ дар нишасти хабариаш дар ин бора ҳарф задааст. Ӯ гуфтааст, дар пайи як санҷиш маълум кардаанд, ки 1256 нафар худро ба таври ҷаълӣ ё тақаллубӣ ҳамчун маъюб номнавис карда, аз имтиёзҳо истифода кардаанд.
Мирзоалиев афзудааст, аксари ин маъюбони тақаллубӣ дар идораву вазоратхонаҳо “одам” доштаанд ва бо истифода аз онҳо асноди маъюбиро таҳия кардаанд.