Ширкати Меркел дар тазоҳуроти мусулмонон

Ҳукумати Олмон мегӯяд, сарвазир Ангела Меркел ва аксари аъзои кобинаи ӯ ба раҳпаймоии раҳбарони мусулмон зери шиори “Олмони боз ва созгор” ҳамроҳ хоҳанд шуд. Интизор меравад, ин раҳпаймоӣ дар пасманзари ҳамлаҳои ахири террористии Порис рӯзи 13 январ дар Берлин баргузор шавад. Дар ин байн ҷунбиши зиддиисломии Пегидаи Олмон рӯзи 12 январ дар Дрезден ва шаҳрҳои дигари Олмон тазоҳурот барпо намуда, дар онҳо ҳамлаи ситезаҷӯёнаро дар Порис маҳкум кард. Вазири адлияи Олмон Ҳейко Маас аз Пегида даъват кард, ба ангехтани эҳсосоти зидди мусулмонон роҳ надиҳад. Мухолифони Пегида низ дар Дрезден раҳпаймоие баргузор карданд, ки дар он 35 000 нафар ширкат намуд.