Гуфтушуниди сулҳи Украина дар Берлин

Вазирони умури хориҷии Украина, Русия, Олмон ва Фаронса дар Берлин роҳҳои ҳалли низоъ дар Украинаро баррасӣ хоҳанд кард. Пештар интизор мерафт, сарони ин кишварҳо дар Остона, пойтахти Қазоқистон масъаларо баҳс кунанд, вале сарвазири Олмон Ангела Меркел рӯзи 10-уми январ ба президенти Русия, Владимир Путин гуфт, то дар иҷрои созишҳои 5 сентябр пешрафте ба даст наояд, мулоқоти сарон баргузор нахоҳад гашт. Ин оташбас, ки дар Минск ҳосил шуда буд, ҳамарӯза поймол мешавад ва аз моҳи апрел ба ин сӯ дар ҷангҳои миёни нерӯҳои давлати украин ва ҷудоихоҳони тарадфори Русия зиёда аз 4700 нафар кушта шудаанд.