Боздошти дуздони бонки "Эсхата" дар Душанбе

Акс аз бойгонист

Гурӯҳи зудамали раёсати корҳои дохилии пойтахт ду сокини шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар шикастани дару тиреза ва рабудани сандуқи пулиси потахт рӯзи 8 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз муроҷиати масъулони “Эсхата” оид ба дуздии сандуқи пули бонк бо пайгирии нишонаҳои гарми ҳодисаи мазкур рӯзи якшанбе 2 сокини ҷавони пойтахт - Фаридун Азизови 19-сола ва Амрулло Ризвоншоеви 22-сола - боздошт карда шуданд. Рӯзи 23-юми декабри соли гузашта шахсони ношинос дару тирезаи бонки “Эсхата”ро шикаста, вориди бинои бонк шуданд ва аз онҷо сейфи оҳанинро, ки дар дохилаш 2 мӯҳри расмии бонк, як флешкарта бо маълумотҳои бонкӣ ва як миқдор ҳуҷҷатҳои корхонаро дуздида, фирор кардаанд.