Вуруди муҳоҷирон ба Русия 70 фоиз коҳиш ёфт

Теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Украина ва Молдавия ба Русия афзоиш ёфтааст, дар ҳоле, ки Маскав ба коҳиши ҷиддии вуруди муҳоҷирон ба кишвар таъкид мекунад.

Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, рӯзи 7 январ дар мусоҳиба бо хабаргузории Интерфакс гуфт, ки мавҷи муҳоҷирон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 70 дар сад коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи ӯ, кам шудани теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қирғизистон, мушоҳида мешавад. Ҳамзамон, ба ҷуз сокинони Украина ва Молдавия, ҳарчӣ бештар шаҳрвандони Чин, Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ барои кор ба Русия меоянд, афзудааст Ромадановский.

Дар Федератсиони муҳоҷирони Русия ба радиои “Эхо Москвы" гуфтанд, ки коҳиши вуруди муҳоҷирон бо ҷорӣ шудани шартҳои нави дарёфти патент ё муҷаввизи кор рабт дорад. Акнун муҳоҷирон патентро фақат дар ҳоле метавонанд бихаранд, ки имтиҳонҳои забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои ҳуқуқро супурда бошанд.