Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки кишвараш дар ҳолати муҳосираи байналмиллалӣ наметавонад рушди “устувор”-и иқтисодӣ дошта бошад.Вай зимни суханронии телевизионии худ ба иқтисоддонони калидии кишвараш 4 январ аз онҳо хост, ки ҷалби давлат ба бахши иқтисодро маҳдуд кунанд ва барои хатми муҳосираи байналмиллалӣ шаффофият бештаршавад.
Вай гуфт:”То замоне, ки кишвари мо дар тасарруфи ҳукумат аст, наметавонад рушд кунад”. Вай афзуд, “барои рушд мусобиқаву рақобат зарур аст”. Рӯҳонӣ таъкид кард, ки кишвар ба шаффофияти бештар ниёз дорад, то муҳит барои мубориза бо ришвахорӣ боз шавад.
Ин суханрониро чун интиқоде аз муҳофизакорон медонанд, ки аз барномаҳои пешгӯинашавандаи Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури пешин ҳимоят мекарданд ва ҳамчунин интиқод аз манофеи бузурги иқтисодии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон арзёбӣ мешавад.
Ҳоло Эрон бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар бораи танзими барномаҳои ҳастаиаш машғули музокирот аст, то дар иваз таҳримҳои байналмиллалӣ то андозае аз миён бардошта шаванд.