САҲА ба нақша гирифтааст, ки шумораи нозирони худро дар Украина то поёни моҳи ҷорӣ ду баробар афзоиш диҳад. Майкл Боцюркив -сухангӯи ин созмон 4 январ зимни мусоҳиба бо хабаргузории DPA- и Олмон дар ин бора хабар дод.
Бино ба ин хабар, ҳайати нозирон аз 250 нафар ба 500 нафар афзоиш меёбад ва сабаби он ҳам беҳбуди вазъи амниятӣ дар шарқи Украина арзёбӣ мешавад.
Боцюркив гуфт, ки фаро хондани техникаи низомӣ аз ин минтақаҳои шарқӣ, он гуна, ки дар созишномаи оташбаси моҳи сентябри Минск оварда шудааст, то ҳол иҷро нагардидааст.
Ҳайати нозирони САҲА ба минтақаи Баҳри Сиёҳи Украина дар Қрим дастрасӣ надоранд. Ин минтақа моҳи март аз Украина ҷудо шуд ва ба Русия пайваст.