Дар Покистон 31 шӯриширо ба қатл расонданд

Низомиёни Покистон мегӯянд, ки дар ҳамлаҳои нави ҳавоӣ ба минтақаҳои саркаши қабиланишин дар наздикии марз бо Афғонистон 31 шӯришӣ ба қатл расидаанд. Дар ин изҳорот омадааст, ки 4 пинҳонгоҳи шӯришиён ва як маркази таълими бамгузорони маргталаб дар ҷараёни ин ҳамлаҳо аз байн бурда шудааанд.

Ба гуфтаи низомиёни Покистон, аз замони оғози ҳамлаҳо ба шӯришиён дар баҳорони соли гузашта то ҳол дар Вазиристони Шимолӣ 1 200 нафар шӯришӣ ба ҳалокат расидаанд.

Аз моҳи гузашта ба ин сӯ аз замоне, ки шӯришиён дар ҳамлае дар Пешовар 150 нафарро куштанд, низомиёни Покистон ва нируҳои шибҳанизомӣ ҳамла ба мавзеъҳои шӯришиёнро бештар кардаанд.