Бар асари садамаи раиси додгоҳи ноҳияи Рашт, як навраси 13-солаи ноҳияи Нуробод ба ҳалокат расидааст. Раиси додгоҳи ноҳияи Рашт рӯзи панҷшанбеи 1-уми январ савори мошин ҳангоми бозгашт аз ноҳияи Нуробод ба Рашт дар истгоҳи роҳи мошингарди деҳаи “Оби лурд” бо сабабҳои то ҳол норӯшан як навраси тақрибан 13-солаи сокини Нуроободро мезанад, ки дар натиҷа ба ҳалокат расидааст. Як мақоми ҳукумати ноҳияи Нуробод рӯзи 2-юми январ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси додгоҳи ноҳияи Рашт Улфатшоҳ Олимов ҳангоми убур аз мавзеи серодами деҳаи “Оби лурд”, ғайримунтазира аз пеши роҳаш ҷавони 13 сола пайдо мешавад, ки дар натиҷаи садама ҷавон ба ҳалокат мерасад. Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки раиси додгоҳи ноҳияи Рашт аз самти Душанбе ба тарафи Рашт мерафтааст ва мавзеъи деҳаи Оби Лурд нуқтаи серодам буда дар инҷо ҳам истгоҳи таксиҳо ва фурушгоҳҳо ҷой доштаанд. Ҳанӯз мақомоти ҳукумати ноҳияи Рашт сабаби аслии ин садамаро рушан накардааст ва Идораи бозрасии автомобилии ҷумҳурӣ аз рух додани ин ҳодиса изҳори бехабарӣ намуд. Манобеъ ба "Озодӣ" гуфтанд, ки Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод ба тафтиши ҳодиса пардохтааст.