Обама: Амалҳои Путин имсол он қадар оқилона набуданд

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, гуфт, мардум дар хориҷи Русия ҳарчӣ бештар аз он андеша мекунанд, ки амалҳои Владимир Путин дар соли 2014 он қадар оқилона набуданд. Ӯ рӯзи душанбе дар сӯҳбат аз тариқи NPR - Радиои миллии ҷамъиятӣ гуфт, таҳримҳо алайҳи Русия нишон хоҳанд дод, ки Путин бо илҳоқи нимҷазираи Қрим ба чӣ иштибоҳи бузурги стратегӣ роҳ додааст.

Ба гуфтаи Обама, чанд моҳ пештар дар Вошингтон ба ин назар буданд, ки сарвари Русия ҳамчун як нобиғаи стратегия Ғарбро шикаст дод ва Русияро нерӯмандтар кард. “Он вақт ман гуфтам, ки мо хоҳони ҷанг бо Русия нестем, вале мо метавонем дар ҳамкорӣ бо шарикони аврупоиямон аз фишори зарурӣ кор бигирем”, гуфт раҳбари Амрико.Обама афзуд, Путин гумон кард, ки моро банди ҳиллаҳояш кардааст, моро тароғсониданӣ мешуд ва нуфузи Русияро бештар мекард. Вале таҳримҳои байнулмиллалӣ он гуна ҷорӣ шуданд, ки Маскав пойбанди пойинрафти қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ гардид.

Таҳриҳои бархе аз кишварҳои ғарбӣ, Ҷопон ва Австралия алайҳи Маскав шурӯъ аз моҳи марти соли равон баъд аз илҳоқи Қрим аз сӯи Русия ва пуштибонии аз ҷужоихоҳони рустабор дар шарқи Украина дар чанд марҳала ҷорӣ шуданд.

Бар асари ин таҳримҳо қимати рубли русӣ дар баробари доллар ва евро 40 дар сад коҳиш ёфт, иқтисоди Русия ба мушкил мувоҷеҳ шуд.