Меркел хостори мусоидати Русия ба оташбас дар Украина шуд

B

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, аз Русия хост, ки бо истифода аз нуфузаш дар шарқи Украина, ба татбиқи оташбас дар ин минтақа мусоидат кунад. Ӯ дар як изҳорот рӯзи 28 декабр аз он изҳори таассуф кард, ки ширкаткунандагони музокироти сулҳ ё Гурӯҳи тамос рӯзи 26 декабр барои гуфтугӯ дар Минск ҳозир нашуданд.

Ба Гурӯҳи тамос намояндагони Украина, Русия, ҷудоихоҳон ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо шомиланд. Аъзои ин гурӯҳ нахустин нишасти худро рӯзи 24 декабр доир карданд ва аммо ба ҷуз табодули асирон ба натиҷае нарасиданд.

Ангела Меркел дар як сӯҳбати телефонӣ бо Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 27 декабр аз табодули асирон миёни Киев ва ҷудоихоҳон ситоиш кард, аммо гуфт, ки барои хатми низоъ дар шарқи Украина аз сар гирифтани музокироти сиёсӣ ногузир аст.