Парчами ISAF дар Афғонистон пойин карда шуд

Эътилофи байнулмилалии таҳти раҳбарии НАТО бо баргузории маросими вижа дар шаҳри Кобул рӯзи 28 декабр ба ҳузури 13-солааш дар Афғонистон хотима бахшид.

Генерал Ҷон Кэмпбелл, фармондеҳи Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният ё ISAF дар ин маросим парчами сафеду сабзи ISAF-ро пойин ва баъдан парчами навро боло кард. Ин парчами нерӯҳои иборат аз 13-у ним ҳазор афсару сарбози хориҷист, ки дар Афғонистон боқӣ мемонанд ва ба тамрину машварати нерӯҳои ҳукуматӣ машғул мешаванд. Бештари онҳо – низомиёни амрикоӣ хоҳанд буд.

Нерӯҳои байнулмилалӣ соли 2001 баъд аз ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вошингтон ба амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон шурӯъ карданд. Дар авҷи ин мубориза дар Афғонистон тақрибан 140 ҳазор низомӣ аз 51 кишвари олам ҳузур доштанд.