Пеиҷ: Фишор болои хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Боку афзоиш меёбад

Вакилони дифои кормандони дафтари Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ дар шаҳри Боку рӯзи якшанбе мақомоти Озарбойҷонро дар истифода аз тактикаи бесобиқаи фишору тарсдиҳӣ айбдор карданд.

Рӯзи шанбе раҳбарияти радио дар як изҳорот ниҳодҳои зидахли Озарбойҷонро дар он муттаҳам кард, ки кормандони полисро ба манзилҳои хабарнигорон мефиристанд, то онҳоро ба додситонӣ баранд. Ненад Пеиҷ, яке аз раҳбарони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ изҳор намуд, ки мақомоти кишвар аз таъқибу фишор болои кормандони дафтари радио ва пайвандони онҳо кор мегиранд.

Хабарнигорон талаб доранд, ки ҳузури вакилони дифоъ дар бозҷӯиҳо таъмин шавад. Шоми шанбе чаҳор корманди дафтари бахши озарии Радиои Озодӣ барои бозҷӯӣ ба додситонӣ даъват шуданд. Қарор аст, ки рӯзи душанбе боз ҳашт нафари дигар ҳам аз сӯи кормандони додситонӣ пурсуҷӯ шаванд.

Дасти кам 10 корманди додситонӣ ҳамроҳ бо маъмурони мусаллаҳи пулис рӯзи 26 декабр ба дафтари Радиои Озодӣ дар Боку ворид шуда, компютерҳоро мусодира карданд ва аз кормандон хостанд, ки биноро тарк намоянд.

Рӯзи шанбе созмони “Гузоришгарони бидуни марз” бастани дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Бокуро талоши “аз байн бурдани дигарандешӣ дар матбуоти Озарбойҷон” арзёбӣ кард. Йохан Бир, раиси бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ин созмони мустақар дар Порис изҳор намуд, ки ҳукумати Озарбойҷон тадриҷан ҳама расонаҳои мустақили кишварро саркӯб месозад.

Айни ҳол дар Озарбойҷон 15 хабарнигору блогнависи мустақил дар маҳбасанд. Се ҳафта пеш Хадиҷа Исмоилова, як корманди дафтари Радиои Озодӣ дар Бокуро бо иттиҳоми ташвиқи ҳамкори собиқаш ба худкушӣ барои ду моҳ боздошт карданд.