НАТО ба ҳузураш дар Афғонистон хотима мебахшад

Қарор аст, ки Эътилофи байнулмилалии таҳти раҳбарии НАТО бо баргузории маросими вижа рӯзи 28 декабр ба ҳузури 13-солааш дар Афғонистон хотима бахшад. Ба хотири таъмини амният ҷузъиёти маросим махфӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Як намояндаи расмии НАТО рӯзи якшанбе гуфт, генерал Ҷон Кэмпбелл, фармондеҳи Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният ё
ISAF, маросимро дар қароргоҳи асосии нерӯҳо дар Кобул баргузолр мекунад.

Баъд аз хатми рисолати нерӯҳои байнулмилалӣ беш аз 13 ҳазор афсару сарбози хориҷӣ дар Афғонистон боқӣ мемонанд ва ба тамрину машварати нерӯҳои ҳукуматӣ машғул хоҳанд шуд.

Нерӯҳои байнулмилалӣ соли 2001 баъд аз ҳамлаи террористӣ ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вошингтон ба амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон шурӯъ карданд. Дар авҷи ин мубориза дар Афғонистон тақрибан 140 ҳазор низомӣ аз 51 кишвари олам ҳузур доштанд.