Муфаттишони додситони кулли Озарбойҷон баъди кофтукоби дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Боку амр додаанд, ки кори идора қатъ карда шавад. Дасти кам 10 корманди додситонӣ ҳамроҳ бо маъмурони мусаллаҳи пулис рӯзи 26-уми декабр ба идораи Радиои Озодӣ дар Боку ворид шуданд ва гуфтанд, ки бо амри додгоҳ барои ҷустуҷӯи идора омадаанд. Айни замон ба гуфтаи додситонии Озарбойҷон тафтиши фаъолияти идораи Радиои Озодӣ, ки муассисаи хориҷӣ ҳисоб мешавад, идома дорад. Муфаттишон аз масъулони дафтари Озодӣ хостаанд, ки санадҳои корӣ ва варақаҳои шахсии коргаронро ба онҳо бидиҳанд ва таҳдид карданд, тамоми комютерҳоро мусодира мекунанд. Се ҳафта пеш аз ин Хадиҷа Исмоилова, як хабарнигори Радиои Озодиро низ бо иттиҳоми ташвиқи ҳамкори собиқаш ба худкушӣ барои ду моҳ дастгир карданд.