Русия ҳамкориҳои ядроӣ бо Узбакистонро тасдиқ кард

Шӯрои Федератсияи Русия қарордоди байниҳукуматии Русия ва Узбакистонро дар бораи ҳамкорӣ дар бахши коркарди сӯхти ядроӣ ба тасвиб расонд. Ин қарордодро ҳукуматҳои ҳар ду ҷониб 9 апрели соли ҷорӣ дар Маскав ба имзо расонда буданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС-и Русия гузориш додааст.

Тибқи ин қарордод пешбинӣ мешавад, ки аз Узбакистон як бор сӯхти ғанишудаи ядроӣ аз Узбакистон ба Русия ворид карда шавад. Сипас ин сӯхт баъд аз вуруд ба Русия дар корхонае бо номи “Маяк” тасфия хоҳад шуд.

Тибқи тавофуқоти ҷонибҳо, сӯхти ғанишудаи ядроӣ, ки ба Русия ворид мешавад ва ҳар маводе, ки минбаъд аз он гирифта мешавад, барои сохтани аслиҳаи атомӣ ва дастгоҳҳои таркандаи атомӣ ва ё барои ҳадафҳои низомӣ истифода нахоҳад шуд.

Ин қарордод танҳо замоне эътибор пайдо мекунад, ки ҳар ду ҷониб аз роҳҳои дипломатӣ роҷеъ ба хатми корҳои зарурии омодагӣ ва уҳдадориҳои худ номаи расмӣ бифиристанд.