Сафири Русия гуфт, англисӣ набояд дар Тоҷикистон ҷои русиро гирад

Сафири Русия дар Тоҷикистон И.С. Лякин-Фролов дар мулоқот бо намояндагони расонаҳои ахбори оми Тоҷикистон гуфт, “дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон раванди мувофиқи мақсад будани қабули қарори узвият” дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё идома дорад. Дар ин маврид, афзуд ӯ, на танҳо бояд арқоми холӣ, балки ҳамаи таҳдидҳои эҳтимолӣ, муӯкилот ва хатарҳоро ба назар гирифт. “Қатъи назар аз замонаи мушкил, Русия суръати ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо коҳиш нахоҳад дод. Ёдовар мешавам, ки дар тамоми солҳои истиқлолият, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 Русия дар паҳлуи Тоҷикистон буд ва аз он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекард,” – гуфт сафаири Русия дар Тоҷикистон. Вай дар идома пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистонро “чатри амниятӣ”-и Тоҷикистон номид ва афзуд, кишвараш ба равобити Тоҷикистон бо кишварҳои дигар мудохила намекунад. . Лякин-Фролов, ки зоҳиран, натиҷаҳои соли 2014-ро дар равобити байни ду кишвар ҷамъбаст мекард, аз афзоиши сармоягузориҳои Русия дар Тоҷикистон ва кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия ёдовар шуда, изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон ба зудӣ масъалаи қарзашро аз нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ҳал хоҳад кард. Вай ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Тоҷикистон талош мешавад, ба ҷои заббони русӣ англисӣ ба ҳайси забони муоширати байни миллатҳо интихоб карда шавад, дар ҳоле ки мақоми англисӣ дар Қонуни Асосии Тоҷикистон монанди мақоми русӣ муайян нашудааст.